Новости
«САЛАФИЯ - вайронкори, чохилият, куштор»
19:45, 15 Апреля 2019
Салафия-ин ташкилотест экстремисти, ки максади асосиашон чудоиандози ва тафрикаандози буда, аслан барои ташкил кардани давлати ягонаи «Хилофат» часпу талошхо доранд.
Экстремизм-ин изхори фаъолияти ифротии шахсони хукуки ва вокеи ба даъвати ноороми, димгаркунии сохти конститутсиони дар давлат, гасби хокимият ва тасарруфи салохияти он, ангезонидани нажодпарасти, миллатгарои, бадбинии ичтимои, мазхаби ва г. махсуб меёбад.
Ингуфтахо албатта барои пайдо кардани маълумот дар бораи чараёни дини-эктсремистии «Салафия» ба шумор рафта, бояд хар як фарди солимакл дар бораи ин гуна чараёнхои тундраву ифротгарои маълумот дошта бошанд, то ки нхуд ва наздикону пайвандонашонро аз ин рохи пурхато баргардонанд.
Имрузхо мо мебинем, ки аксарияти чавонон аз надонистан ва надоштани маълумоти кофи дар бораи дини мубини Ислом ба хар гуна чараёнхои дини мепайванданд. Аз чумла айни хол дар кишвархои чангзадаи арбии Сурия, Ирок, Покистон ва Афгонистон зиёда аз 1200 нафар чавонон ба ТЭТ «ДИИШ» пайваста, хамчун аъзоёни чараёни дини-экстремистии «Салафия» чангида истодаанд. Онхо мутмаин хастанд, ки пешвоёни хоричиашон дар хакикат дар рохи Ислом дода шуда, барои таъсис додани давлати «Хилофат» кушида истодаанд. Аммо, ин чавонон ба рохи хато рафта, хамчун гумрохон аз дину оини хеш бехабар монда, ба таври вахшиёна одамони бегунохро ба катл расонида истодаанд, ки ин амали онхоро дини мубини Ислом дар ягон чой кайд накардааст.
Ба рости вактхои охир дар сомонахои интернетиву дигар васоити ахбори омма ба хар гуна маколахо вохурдан мумкин аст, ки дар бораи чараёни дини-экстремистии «Салафия» сухан карда шудааст. Хар як муаллифи макола вобаста ба фахмишу донисти худ дар бораи ин чараён ва чараёнхои динии дигар фикрашонро баён дошта, мехоханд, ки таъсири худро ба хар як хонанда бирасонанд. Аммо, аз кучост, ки чавонони точик аз ин гуфтахо бехабар монда, боз хангоми ба мухочират сафар намудан, ба ин гуна равияхои номатлуби дини мепайванданд. Дар дохили чумхури бошад худро шабехи салафихо вонамуд карда, даст ба хурофотпарастиву бегонапарасти мезананд, фикру акидахои ифротиро дастгири ва пайрави менамоянд. Хол он, ки Тибки Хукми Суди Олии ЧТ фаъолияти чараёни дини-экстремистии «Салафия» дар каламрави чумхури хамчун чараёни экстремисти ва катъ гардида, нафароне, ки аз гуфтахо ва акидахои динии аъзоёни онхо пуштибони менамоянд, онхоро дастгири ва акидахои онхоро таргибу ташвик менамоянд, ба чавобгарии чинояти кашида мешавад.
Бояд кайд намуд, ки чараёни дини-экстремистии «Салафия» аз соли 1998 ин чониб дар минтакаи чануби Точикистон ташкил шуда, рохбари аввалини он Мухаммади Рахматулло, ки дар соли 2015 аз тарафи ВКД ЧТ дастгир ва ба чавобгарии чинояти кашида шудааст, ба шумор меравад. Салафия, ки як фиркаи тахмили аз чониби мустамликадорони хоричи мебошад, бо максади поймол кардани арзишхои исломи ваз арба задан ба аркону ахкоми исломи аз номи дини мубини ислом ташкил карда шудааст.
Салафихо худро аслан пайравони гузаштагони дини Ислом пиндошта, хангоми хондани намоз пойхоро васеъ, дастонро дар кафаси сина монда, калимаи такбирро бо овози баланд талафуз менамоянд. Дар сафи намозхони худро бо шахси дар пахлуяш карор дошта чафс монда, ба шахси намозхони дар пахлуяш карор дошта, хала мерасонад. Оё ин дар мазхаби «Ханафи» гуфта шудааст.
Дар ин чо киссаеро, ки худ шохиди хол будам мехохам накл кунам. Боре дар яке аз масчидхои панчвактаи н.Рудаки хостам намози пешинро бо хамрохи чамоат хонам. Пас аз огози намози чамоат, ки шумораи намозгузорон тахминан 20-25 нафарро ташкил медод ва дар кафои намозхонхо чойхо бисёр буданд, гурухи чавонон иборат аз 5-6 нафар вориди масчид шуда, бо овози баланд мегуфтанд, ки сафхоро чафс кунед. Дар ин асно, ки мо ба хондани намоз шуруъ карда будем, мачбур шудем, ки намозхонон ба як тараф чафс шавем. То хадде, ки мо ба якдигар чафс мешудем, чавонони аз намоз дер монда пойхояшонро хамон кадар ба тарафи мо васеъ кардан мегирифтанд. Кор то чое расид, ки пойи яке аз намозхононро зер карда, намози он кас бурида шуду, байни хардуи онхо чангу хархаша ба амал омад. Оё худ казоват кунед, ки ин амали чавонони аз мазхаби «Ханафи» дур дуруст аст.
Бояд ёдовар шуд, ки салафихои имруза дар хакикат хам вахобихои асри гузаштаро нишон медихад, ки онхо низ дар даврони чанги бародаркуш ба таргиботу ташвикоти дини огоз карда, нони коммунист, духтур, муаллим ва умуман зиёиёнро харом эълон карда, дар сари кабр дуову фотеха карданро макрух мепиндоштанд.
Имрузхо мо шохиди он гашта истодаем, ки бинобарс абаби зиёд гардидани шумораи «Салафихо» дар тамоми гушаву канори чумхури ва берун аз он, Раиси Шурои уламои дини ЧТ тасмим гирифтааст, ки бо сафархои кори ба дигар давлатхо сафар намуда, перомуни ин масъала бо намояндагони дини Ислом сухбатхо анчом дихад. Дар арфти сухбат аслан бобати ошкоро ба рох мондани аъзоги ва пайрави ба дигар динхое, ки фаъолияташон дар ЧТ манъ карда нашудааст, сухбатхо доир шуда истодааст, ки хамаи ин аз озодии дин дар ЧТдарак медихад.
Хулоса чунин гуфтаниам, ки мо волидон бояд фарзандони худро дар партави сиёсати хирабмандонаи сарвари давлат тарбия намуда, чавононро аз ин роххои хатарзо гардонем.
Хучаназари Иброхим-омузгор аз н.Шахринав)